Заврақронони навраси тоҷик дар Ӯзбекистон ва Испания зинаҳои ифтихориро соҳиб гардиданд
Опубликовано пн, 23/04/2018 - 13:35 пользователем tvt
Ду хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд дар мусобиқаҳои заврақронӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва давлати Испания иштирок намуда, яке мақоми аввал ва дигаре роҳхат ба олимпиадаи байналмиллалиро ба даст оварданд.


Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 20 апрели соли равон бо мақсади иштирок дар Рӯзҳои фарҳангии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон гурӯҳи калони намояндагони вилоят бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода озими шаҳри Самарқанд шуданд.