Хабар

Раиси шаҳри Душанбе пешниҳоди ҷомеаи шаҳрвандиро доир ба гузаронидани мавсими мотосиклронӣ ҷонибдорӣ кард

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор ба имзо расонд, ки тибқи он, ба клуби мототсиклронҳои «Ирбис МСС Тоҷикистон» барои баргузор намудани чорабиниии «Кушодашавии мавсими мототсиклронӣ-2018» санаи 27 апрели соли равон иҷозат дода мешавад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Парлумони Тоҷикистон ду санади ҳамкорӣ бо Ӯзбекистонро ба тасвиб расонд

Дар ҷаласаи  навбатии иҷлосияи чоруми палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид,  се санади байнидавлатӣ — марбут ба рушди ҳамкории сарҳадӣ ва гумрукии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва   Амороти Муттаҳидаи Араб  баррасӣ ва  тасдиқ гардиданд.

Страницы