ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар Уммон ғолиб омад
Опубликовано ср, 25/04/2018 - 12:13 пользователем tvtДастаи футболи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар дастаи футболи мунтахаби наврасони то 16-солаи Уммон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, дидори мазкур 24 апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор гардида, голи ягонаро Рустам Соиров дар дақиқаи 74-ум ба ҳадаф расонидааст.