Хабар

Дар шаҳри Гулистон Форуми муштараки сармоягузорӣ ва соҳибкорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва вилояти Суғд баргузор гардид

Дирӯз, 9 май дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Форуми муштараки сармоягузорӣ ва соҳибкорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва вилояти Суғд баргузор гардид.

Пагоҳ дар Душанбе иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад

Пагоҳ, 11 май, дар шаҳри Душанбе  иҷлосияи понздаҳуми  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати панҷум  баргузор мегардад.

Тавре аз палатаи болоии Парлумони мамлакат иттилоъ доданд, дар иҷлосия  маҷмӯи масъалаҳои муҳими марбут ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳарорат ба 39 дараҷа мерасад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, ҳарорат то 39 дараҷа гармӣ мерасад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд.

Имрӯз, 10 май дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8  ва дар баъзе ноҳияҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +17 +22 ва рӯзона +31 +36 дараҷа гарм мешавад.

Страницы