Хабар

Шоири маъруфи тоҷик Муъмин Қаноат аз олам даргузашт

Имрӯз шоири маъруфи тоҷик Муъмин Қаноат пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷанозаи марҳум Муъмин Қаноат пагоҳ, 19 май, соати 10:00 дар Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Яъқуб (суроға: ш. Душанбе, кӯч. Шодмонӣ, 58) баргузор мегардад.

Сайёҳӣ — муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллист

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Донишкадаи  давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо ибтикори Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат баргузор шуд. Дар ин бора аз Донишкадаи  давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода хабар доданд.

Страницы