Хабар

Имрӯз дар ҷумҳурӣ гармӣ ба 32 дараҷа мерасад

Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи боронӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо гармии ҳаво то 32 дараҷа мерасад.

Имрӯз, 23 май дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +14 +19 ва рӯзона +26 +31 дараҷа гарм мешавад.

1 июн дар Душанбе ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мешавад

1 июн дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад. Зимни ҷаласаи мазкур баррасии 14 лоиҳаи санадҳои марбут ба густариш ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳо дар доираи ИДМ дар назар аст. Дар ин бора сомонаи Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.

Маркази миллии тестии Тоҷикистон: 32 нафар ба ҳайси маъмурони имтиҳонӣ интихоб гардиданд

Маркази миллии тестии наздиПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  омодагӣ ба гузаронидани имтиҳонҳоимарказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олиикасбии ҷумҳурӣ дар соли 2018 семинарҳои омӯзиширо барои тренероникормандони муваққатӣ доир кард.

Тавре аз  Маркази  матбуоти Маркази мазкур хабар доданд, чунин семинар-машваратҳо дар шаҳри Душанбе шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хуҷанд ва  Кӯлоб баргузор гардиданд.

Страницы