Хабар

Имрӯз дар ҷумҳурӣ боридани жола дар назар аст

Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар ҷумҳурӣ вазъи обу ҳаво номусод гашта,  пастшавии ҳарорат рӯзона то 6-8 дараҷа дар назар аст. Вазиши сахти шамол дар Вилояти Хатлон, Суғд то 20-25 метр  дар як сония расида, чангу ғубор ба амал меояд.

БО ФАРМОИШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОМИССИЯИ БАЙНИИДОРАВӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД. Ҳайати он беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо майдони маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ»-ро муайян месозад

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон 26 майи соли 2018 дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оидба гузаронидани озмуни кушода байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватаниюхориҷӣ  ҷиҳати интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлоли

Чор кӯдаки ноболиғ аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуданд

Бо мақсади  иҷрои супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба Ватан баргардондани шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик субҳи 26 майи соли 2018 Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои дахлдори кишвар чор кӯдаки ноболиғро аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонид.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Страницы