Хабар

ФАРХУНДАТАРИН ҶАШН МУБОРАК, ТОҶИКИСТОН! АВВАЛИН ЭСТАКАДАИ СЕСАТҲА-ТУҲФА БА ҶАШНИ 27-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ!

Дар арафаи ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  моҳи   сентябри   соли равон  аввалин  эстакадаи сесатҳа дар Тоҷикистон,  ки  дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  бунёд ёфтааст,   мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Хизматрасонӣ дар хатсайри автобуси №8 дар Душанбе тавассути корти электронӣ ба роҳ монда мешавад

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  тасмим гирифтааст, ки хизматрасонӣ  дар хатсайри автобуси №8-и пойтахт  (Фурудгоҳи кӯҳна-маҳаллаи Зарафшон)  пурра тавассути  корти электронӣ  ба роҳ монда шавад.

Дар ин бора  аз Раёсати  иттилоот ва робитаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

6 июл дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба 20-солагии ба шаҳри Остона додани мақоми пойтахти кишвар бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқоти судманду самимӣ доир карданд.

Страницы