Франсия чемпиони дукаратаи ҷаҳон оид ба футбол гардид
Опубликовано пн, 16/07/2018 - 11:31 пользователем admin
Дастаи мунтахаби Франсия дар бозии финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, ки шоми дирӯз дар варзишгоҳи «Лужники»-и Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, дастаи мунтахаби Хорватияро бо ҳисоби 4 бар 2 мағлуб кард.


Шурӯъ аз имрӯз то 20 июли соли равон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони «Зиракии сиёсии ҷавонон – омили рушди амну суботи кишвар» баргузор мегардад.
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо даъвати президенти ФИФА Ҷаннӣ Инфантино 15 июл дар маросими пӯшидашавии Ҷоми ҷаҳонии 2018 ва бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои миллии Франсия ва Хорватия, ки дар варзишгоҳи Лужники дар шаҳри Москва баргузор шуд, иштирок намуд.