Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон гурӯҳи махсуси фаврӣ - ҷустуҷӯӣ таъсис дода шуд
Опубликовано вт, 31/07/2018 - 12:58 пользователем admin
Тавре иттилоъ додем, дирӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.


29 июли соли равон тахминан соати 15:30-дақиқа, гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткорон бо автомашинаи тамғаи «Леганзе», рақами қайди давлатиаш 74-98 ВН 03 дар шоҳроҳи Кӯлоб – Душанбе дар ҳудуди деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон (дар км 81) бо суръати баланд ба 7 нафар сайёҳони хориҷӣ – шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Швейтсари