Хабар

Соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон барои рушди ҳамкорӣ мулоқот мекунанд

9 августи соли равон дар Душанбе Шӯрои якуми кории Тоҷикистону Қазоқистон ва ҳамоиши (бизнес-форуми) намояндагони доираҳои соҳибкорони ин давлатҳо   баргузор мегардад.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар кори Шӯрои мазкур бахшҳои сохтмон, кишоварзӣ, хӯрокворӣ, тандурустӣ, саноати сабук (таҷҳизот ва технология), кӯҳканӣ, металлургӣ, кимиё, мошинсозӣ, таҷҳизот ва технологияҳои барқӣ, мебел ва ғайраҳо ширкат меварзанд.

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво софу беғубор ва гарм боқӣ мемонад

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат  шабона муътадил боқӣ монда, рӯзона дар бештари ноҳияҳо то 41-42 дараҷа мерасад. Ин гуна вазъи обу ҳаво то 11 август идома хоҳад ёфт.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +36+41 дараҷа гарм мешавад.

Страницы