Имрӯз дар ҷумҳурӣ то 2 дараҷа баландшавии ҳарорат дар назар аст
Опубликовано пн, 06/08/2018 - 11:12 пользователем tvtБино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона муътадил боқӣ монда, рӯзона нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа баланд гашта, дар бештари ноҳияҳо ба 42 дараҷа мерасад. Ин гуна вазъи обу ҳаво то 7 август идома хоҳад ёфт.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +36+41 дараҷа гарм мешавад.