Минбаъд ҳаракати таксиҳо ба шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб ва водии Рашт дар пойтахт тавассути «Терминали шарқӣ» ба роҳ монда мешавад
Опубликовано пт, 26/10/2018 - 09:00 пользователем tvtШурӯъ аз дирӯз, 25 октябри соли равон бинобар сабаби қатъ гардидани фаъолияти таваққуфгоҳи «Роҳи сафед»-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе (маҳаллаи 7 км) ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбар — таксиҳо ба шаҳру ноҳияҳои самти минтақаи Кӯлоб ва водии Рашт (Файзобод, Роғун, Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод ва Лахш) тавассути «Терминали шарқӣ» (маҳаллаи Обшорон) ба роҳ монда мешавад.