Хабар

Дар Душанбе Фестивали «Оши палав» баргузор мегардад

10 ноябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе Фестивали «Оши палав»   баргузор  мегардад. Дар ин робита  бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали  мазкур тасдиқ  гардид.

имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва дар баландии 3000 м барф дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон ва дар баландии 3000 м барф дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, дар баъзе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -1+6, рӯзона  +14+19  ва дар шарқи ин вилоят шабона -4-9   ва рӯзона +4+9 дараҷа гарм  мешавад.

Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии  Индонезия Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари фоҷиавии суқути ҳавопаймо дар наздикии ҷазираи Яваи Ҷумҳурии Индонезия, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон гардид, моро хеле андуҳгин кард.

Страницы