Имрӯз ҳавои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар робита ба ҷашнҳои фараҳбахш муътадил хоҳад шуд
Опубликовано пт, 16/11/2018 - 08:24 пользователем tvtИмрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар ағбаҳо фаромадани туман дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3-8, рӯзона +6+11 ва дар шарқи ин вилоят шабона -15-20 ва рӯзона -4-9 дараҷа сард мешавад.