Хабар

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши канории Иттиҳоди Аврупо дар Женева сухан гуфт

27 ноябри соли 2018 Вазири корҳоихориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин зимни сафари корӣ ба шаҳри Женева ҷиҳатииштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон дар ҳамоишиканории Иттиҳоди Аврупо ва Бонки осиёии рушд зери унвони«Инфрасохтори минтақавӣ ва рушд» иштирок ва суханронӣ намуд.

Имрӯз дар Тоҷикистон боридани борону барф дар назар аст

 Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, бориши борону барф дар назар аст.

Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани борону барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона  аз  4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона  4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона -11-16 ва рӯзона -4+1 дараҷа сард  мешавад.

Страницы