Хабар

КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Хоруғ ба низоми электронӣ гузашт

Бо мақсади дар амал татбиқ кардани барномаҳои махсуси Ҳукумати электронӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшҳои Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» батадриҷ ба низоми нави электронӣ мегузаранд.

Соли 2018 коргоҳҳои саноатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи беш аз 1 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд

Давоми соли 2018 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 10 адад корхонаи нави саноатӣ бо фарогирии қариб 200  ҷои кор ба истифода дода шуданд. Дар маҷмӯъ, дар ин давра аз ҷониби 103 коргоҳи саноатии фаъоли ноҳия ба маблағи 1 млдр 146,9 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли 2017   95,0 млн. сомонӣ зиёд аст.

Соли 2018 корхонаҳои шаҳри Душанбе дар ҳаҷми 2,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд

Соли 2018 аз ҷониби корхонаҳои шаҳри Душанбе ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,2 миллиард сомонӣ расонида шуд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ  муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода иттилоъ дод.

Ба гуфтаи номбурда, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 фоизро ташкил намудааст.

Страницы