Хабар

Рушди бештари иқтисодиёт миёни кишварҳои ИДМ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд

ИДМ дар ТоҷикистонАз рӯи натиҷаҳои моҳи январи соли 2019 истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар муқоиса бо моҳи январи соли 2018 1,3 дарсад афзудааст.  Дар ин бора имрӯз, 14 март   АМИТ “Ховар” бо истинод ба  Кумитаи омори ИДМ иттилоъ дод.

Пагоҳ Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум баргузор мегардад

Маҷлиси вакилонПагоҳ, 15 марти соли 2019 дар  пойтахт Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум баргузор мегардад.

Дар ин бора  аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад

Дар робита ба баргузории марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе 16 марти соли 2019 аз соати 07:00 то 11:00   ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ то собиқ дидбонгоҳи БДА «Чорбоғ» муваққатан қатъ мегардад.

Страницы