Хабар

Дар Тоҷикистон бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо Озмуни ҷумҳуриявии асари беҳтарин гузаронида мешавад

Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии асари беҳтарин дар мавзӯи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баргузор мегардад.

Озмуни мазкур дар асоси Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бахшида ба қабул шудани ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», инчунин ҷиҳати мусоидат ба ҳалли масъалаҳои экологӣ гузаронида мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар ҷашни Тиргон, Иди зардолу ва асал иштирок намуданд

8 июли соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар ҷашни Тиргон, Иди зардолу ва асал иштирок намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барқияи шодбошӣ ирсол намуданд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Муҳтарам Шавкат Миромонович,

Табрикоти самимии моро ба муносибати пирӯзии қатъиятон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бипазиред.

Страницы