Хабар

СУРУДИ МИЛЛӢ – МУАРРИФИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАҲОН! Дар Душанбе оид ба яке аз рамзҳои асосии давлатдории мо китоби нав ба нашр расид

Дар Душанбе таҳти унвони «Суруди миллӣ» китоби Иброҳим Пирназарзода ба нашр расид. Бояд гуфт, ки дар бораи суруди миллӣ, моҳият ва муҳтавои он пажӯҳишгарону донишмандони соҳа борҳо навишта бошанд ҳам,  миёни онҳо ин дастури мукаммалу мушаххас мавқеи вижаро
дорост.

Дастури мазкур барои таҳкими ҳувияти миллии наврасону ҷавонони кишвар ва кулли ҳамватанон таҳия гардида,  аз пешгуфтор, фаслҳои «Таърихномаи Суруди миллӣ», «Суруди миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Санадҳои меъёрии

Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар шаҳри Бухоро сазовори 4 медал гардиданд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ миёни  калонсолон  дар шаҳри Бухорои Ӯзбекистон, ки ба хотири варзишгари маъруфи ин давлат Ҷамшед Ҳофизов баргузор шуд, иштирок намуда, соҳиби 4 медал – 1 тилло ва 3 биринҷӣ гардид.

Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Иди Ғалаба

Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!

Имсол аз анҷоми набардҳои шадиду хунин ва фоҷиабори Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ғалаба бар фашизм марҳалаи асосиву ҳалкунандаи он буд, ҳафтоду чор сол сипарӣ мешавад. Ва имрӯз сокинони Тоҷикистон мисли тамоми мардуми

Страницы