ДУШАНБЕ: ОМОДАГИИ РАҚАМИ 1. Дар пойтахт охирин корҳои тайёрӣ ба панҷумин иҷлоси МҲТБО идома доранд
Опубликовано чт, 13/06/2019 - 12:05 пользователем admin
Тавре қаблан иттилоъ додем, 14-15 июни соли равон дар шаҳри Душанбе панҷумин Иҷлоси сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор мегардад.


15 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аз 15 то 17 июни соли равон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Зиннату ҳусни ҷавонист чакан» баргузор мегардад.