Хабар

Раиси шаҳри Душанбе Барномаеро тасдиқ намуд, ки дар инкишофи неруи зеҳнии омӯзгорони пойтахт нақши муҳим хоҳад дошт

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2022» тасдиқ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Шойгу мулоқот намуданд

28 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Шойгуро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Страницы