Намояндагони ВАО ба инъикоси рафти ҳамоиши МҲТБО дар Душанбе оғоз карданд
Опубликовано сб, 15/06/2019 - 10:08 пользователем admin
Имрӯз дар шаҳри Душанбе панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо иштироки 27 давлати дунё таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад.



14 июн дар бӯстонсаройи беруназшаҳрӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори сарони давлатҳо ва ҳайатҳои иштирокчии Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё шоми дӯстӣ баргузор карданд.