Хабар

Дар Душанбе дар арафаи иди Қурбон ҷойҳои муваққатии забҳи чорво ташкил карда мешаванд

Дар Душанбе дар арафаи иди Қурбон ҷойхои махсуси забҳи чорво ташкил карда мешавад. Дар ин бораи имрӯз қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомлӣ ба имзо расид.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон меҳмонхонаи «Сари Хосор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар мавзеи Пушти боғи деҳоти Сари Хосор меҳмонхонаи замонавии «Сари Хосор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконоту шароити он аз наздик шинос шуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-ро дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ифтитоҳ намуданд

6 августи соли ҷорӣ, дар доираи сафари корӣ  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат бо шароит ва имконоти муассисаи нав шинос шуда, бо хонандагон аз наздик суҳбату мулоқот карданд.

Страницы