Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази истироҳативу фароғатиро дар шаҳри Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Опубликовано ср, 11/09/2019 - 19:23 пользователем admin11 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази истироҳативу фароғатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Маркази мазкур дар рӯзҳои таҷлили ҷашни умумимиллӣ — Истиқлолияти давлатӣ ифтитоҳ ёфта, тӯҳфаи арзандаи соҳибкорони ватанӣ ба сокинону меҳмонони шаҳри Кӯлоб дар солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” гардид.


Имрӯз, 11 сентябр, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Тоҷикистон Андреас Протманнро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб қисми аввали бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 43-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд.