Кормандони милитсияи Душанбе муроҷиати корбари «Фейсбук»-ро сари вақт баррасӣ намуданд
Опубликовано пт, 27/09/2019 - 12:22 пользователем admin
Як нафар сокини пойтахт дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» дар саҳифаи худ барои таваққуфи нодуруст акси тамғаи мошини «Тайота-Лендкрузер», рақамҳои қайди давлатиаш 5431 ВК 01-ро дар кӯчаи А.Деҳотии шаҳри Душанбе нашр карда, аз рафтори номуносиби ронандаи он шикоят намудааст.


26 сентябр дар ҳошияи иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндагони воломақоми Мексика, Венгрия ва Канада мулоқотиу ворӯриҳо анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.
24 сентябр дастаи ҳунарии овозхони маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатманд Холов, ки бо даъвати ҷониби туркӣ ба Туркия ташриф оварда буд, дар Ҷашнвораи байналмилалии 16-уми мусиқии орифона ба бузургдошти солгарди 812 — уми Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳунарнамоӣ кард.