Дар вилояти Хатлон Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Опубликовано чт, 17/10/2019 - 10:14 пользователем admin
19-20 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон байни наврасони солҳои таваллуди 2002–2004 Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор мегардад. Дар ин бора корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримҷон Салимзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.


Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ соли 2019 дар ноҳия ду корхонаи оҳангарӣ бунёд мегардад. Санъати аз ҳама маъмул ва ривоҷёфта дар ин мавзеъ оҳангарист, ки аз замонҳои қадим чун мероси гаронмояи авлодӣ идома меёбад.
Субҳи имрӯз ҳайати дастаи мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон тариқи хатсайри Душанбе – Истанбул ба шаҳри Сан-Паулуи Бразилия парвоз намуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.