Хонандагони вилояти Суғд соҳиби Ҷоми олимпиадаи байналмилалӣ гардиданд
Опубликовано пт, 08/11/2019 - 12:20 пользователем adminАз 25 октябр то 3 ноябр дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия бо ширкати 1000 нафар хонандагон аз 14 давлати ҷаҳон аз фанҳои химия, биология, забони англисӣ, география ва математика олимпиадаи байналмилалӣ доир гардид. Дар он хонандагони тоҷик аз фанни биология соҳиби Ҷоми олимпиада гардиданд.