Дар шаҳри Кӯлоб 12 коргоҳи истеҳсолӣ бо фарогирии 120 ҷойи кор таъсис дода шуд
Опубликовано сб, 23/11/2019 - 13:24 пользователем adminДар 10 моҳи соли равон дар шаҳри Кӯлоб 12 коргоҳи хурд ва як корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла, коргоҳи истеҳсоли макарон, пахтатозакунӣ, сехи кӯрпадӯзӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, сангреза, истеҳсоли хишти сементӣ, мебел ва корхонаи хурди дару тирезаҳои пластикӣ, дар маҷмӯъ бо фарогирии 120 ҷойи нави кор таъсис дода шуд.