Дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода мешавад
Опубликовано чт, 26/12/2019 - 15:23 пользователем adminОяндаи наздик дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода мешавад. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ дастур доданд.
Сарвари давлат зикр намуданд, ки мақсад аз ин пешниҳод муҳайё кардани шароити муосири таълимӣ барои тарбияи кадрҳои баландихтисос мебошад.