Хабар

Рустами Эмомалӣ ба Палатаи ҳисоб ҷиҳати санҷиши фаъолияти мақомоти шаҳри Душанбе дар соли 2019 дархост ирcол намуд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомот дар соли 2019 дархост  ирcол  намуд.

Бори аввал намоиши нигораҳои таърихии тоҷикон дар Осорхонаи Гимеи шаҳри Париж баргузор мегардад

14 октябр бори аввал Намоишгоҳи нигораҳои таърихии халқи тоҷик дар Осорхонаи Гимеи шаҳри Париж баргузор мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Имрӯз дар Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор мешавад

Имрӯз, соати 16:00, дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Страницы