Хабар

Дар Арманистон аввалин ҳолати сироятшавӣ ба коронавирус ошкор карда шуд

Дар Арманистон аввалин ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ошкор гардид, изҳор доштааст  Сарвазири Арманистон Никол Пашинян. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо такя ба хабари INTERFAX.RU иттилоъ медиҳад.

Дар Кореяи Ҷанубӣ 376 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус ошкор гардида, шумораи умумии мубталоён ба 3500 нафар расид

Дар Кореяи Ҷанубӣ 376 ҳолати нави сироятёбӣ  аз коронавирус ошкор карда шуд, ки дар натиҷа шумораи умумии мубталоён дар ин кишвар ба 3526 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба Yonhap. Аз коронавирус дар Кореяи Ҷанубӣ  то имрӯз  17 нафар фавтидаанд.

Дар Қазоқистон ҷараёни овоздиҳии шаҳрвандони Тоҷикистон идома дорад

Дар участкаи интихоботии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Ҷумҳурии Қазоқистон  овоздиҳии  шаҳрвандони Тоҷикистон  барои интихоби вакилони даъвати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Страницы