ХАБАРИ ХУШҲОЛКУНАНДА! Дар Тоҷикистон 1575 нафар аз COVID-19 шифо ёфтанд
Опубликовано ср, 27/05/2020 - 18:42 пользователем admin
То соати 17:30 дақиқаи 27 май дар кишвар 3424 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1575 нафар шифо ёфтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.


27 майи соли 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Роҳбари навтаъйини Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) дар Тоҷикистон Усома Маккавиро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сокинони ноҳияи Лахш барои саҳмгузорӣ дар фаровонгардонии бозори дохилӣ ва арзон гардонидани нархи картошка азм гирифтаанд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 6000 гектар картошкаи навъи дарозпалаки «Тоҷикистон-24» кишт намоянд.