ФУТБОЛ. Бозиҳои даври аввали лигаи наврасони Тоҷикистон баргузор гардиданд
Опубликовано пт, 26/06/2020 - 15:24 пользователем adminБо баргузории чор бозӣ Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон мусобиқа байни дастаҳои футболи наврасони то 18 соларо оғоз кард. Дар даври ифтитоҳӣ чемпиони амалкунандаи Лигаи мазкур дастаи футболи «Хатлон»-и Бохтар дар майдони худ аз дастаи «Ашт»-и Ашт бо ҳисоби калони 4 бар 0 мағлуб гашт. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.