Хабар

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ба истифода супориданд

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Кӯлоб бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ба истифода супориданд.

Бинои нави таълимӣ аз 2 ошёна иборат буда, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилиро ифтитоҳ намуданд

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Имрӯз дар Душанбе Конфронси осиёӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор мегардад

Имрӯз дар чаҳорчӯби иҷрои тавсияҳои «Барномаи чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030» дар шаҳри Душанбе Конфронси осиёӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ бо иштироки 30 давлати Осиё баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Страницы