«Суғд Текстайлз» фаъолияти худро тавсеа мебахшад
Опубликовано сб, 08/08/2020 - 14:31 пользователем admin2
Корхонаи ресандагии «Суғд Текстайлз» воқеъ дар шимоли Тоҷикистон тасмим дорад, ки дар оянда фаъолияти худро тақвият бахшида, то 350 нафарро бо ҷойи кор таъмин намояд. Ин матлаб зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмазода аз корхонаи «Суғд Текстайлз» зикр гардид.



Аз 7 августи соли ҷорӣ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори дахлдори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси COVID-2019, муовини Сарва