Вилояти Хатлон дар ним сол нақшаи яксолаи содироти маҳсулоти кишоварзиро иҷро намуд
Опубликовано пт, 14/08/2020 - 09:48 пользователем admin
Дар шашмоҳаи аввали соли равон аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба хориҷи мамлакат 90 ҳазору 235 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот содирот шудааст, ки ин ба нақшаи яксолаи содироти маҳсулот баробар аст. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ


Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ ҷилди дуюми «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ» -ро таҳти унвони «Камол дар оинаи пажӯҳиш» ба нашр расонид. Дар ин бора аз мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба истиқболи 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ дар шаҳри Панҷакент сохтмони 30 иншооти гуногун, аз ҷумла бинои нави табобатӣ бо 200 кат дар беморхонаи марказӣ, меҳмонхонаи «Саразм плаза», бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1280 хонанда дар Ҷамоати деҳоти Саразм, бинои нави Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар водии