Хабар

Академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун муҳаққиқи барҷаста ва ташаббускори илм дар рушди ховаршиносӣ саҳми бузург гузошт

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик» иброз доштанд, ки Бобоҷон Ғафуров ҳамчун муҳаққиқи барҷаста ва ташаббускори илм дар рушди ховаршиносӣ низ саҳми бузург гузошт. Ӯ тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ илми шарқшиносии Шуравиро ба сатҳи ҷаҳонӣ бардорад.

ИҚДОМИ НАКӮИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба тамоми мардуми Тоҷикистон дастрас мегардад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад/

Дар шаҳри Бӯстон мулоқоти ҳайатҳои корӣ ва топографии ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид

Аз 29 ноябр то 5 декабри соли 2023 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайатҳои корӣ ва топографии ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон  баргузор гардид.  

Ҳайатҳои корӣ ва топографӣ 24,01 км сарҳадро мувофиқа намуданд. Зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ  доир шуд, Протоколи навбатӣ ба имзо расид.

Страницы