Душанбе

Хизматрасонӣ дар хатсайри автобуси №8 дар Душанбе тавассути корти электронӣ ба роҳ монда мешавад

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  тасмим гирифтааст, ки хизматрасонӣ  дар хатсайри автобуси №8-и пойтахт  (Фурудгоҳи кӯҳна-маҳаллаи Зарафшон)  пурра тавассути  корти электронӣ  ба роҳ монда шавад.

Дар ин бора  аз Раёсати  иттилоот ва робитаҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар Душанбе амалиёти «Кӯкнор-2018» гузаронида мешавад

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳудуди пойтахт аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябри соли 2018 дар ду марҳила амалиёти «Кӯкнор-2018» гузаронида мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон гулчанбар гузошт

Президенти  Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко 15 майи соли равон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф овард.

Президенти Ҷумҳурии Беларус ҳамчун рамзи эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи асосгузори нахустин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Страницы