Душанбе

Дар Душанбе боз як гулгашти нав бунёд мегардад

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Ҳофизи Шерозии  пойтахт, дар назди Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» боз як гулгашти нав бо фаввораҳои муосир  бунёд мегардад.

Дар Душанбе ярмаркаҳои фурӯши лавозимоти мактабӣ ташкил мегарданд

Дар шаҳри Душанбе аз 6 то 31 августи соли 2018 ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ  ташкил мегарданд. Ярмаркаҳои мазкур дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар  назди Маркази савдои «Меҳргон», дар ноҳияи Шоҳмансур дар назди Маркази савдои «Ёқут-2000», дар ноҳияи Фирдавсӣ дар таввақуфгоҳи назди Маркази савдои «Ганҷина»  ва дар ноҳияи Сино дар назди Маркази савдои «Ёвар»   ташкил ва баргузор мегарданд. Дар ин бора Қарори Раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  ба имзо расид.

Дар Душанбе таъмири роҳи хиёбони Рӯдакӣ то 5 август ба анҷом мерасад

Таъмири асосии  роҳи хиёбони Рӯдакии пойтахт, ки 27 июн шурӯъ гардид, то 5 августи соли равон ба анҷом мерасад. Алҳол роҳсозон дар хиёбони  мазкур, дар минтақаи майдони «Дӯстӣ», аз  буриши кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур то буриши кӯчаи Бухоро корҳои таъмириро ба анҷом расонида,  ба  асфалтпӯш кардани он машғул мебошанд.

Страницы