Таъсиси коргоҳи бофандагӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

bofanda.jpgДар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон коргоҳи хурди атласу адрасбофй ба фаъолият оғоз кард. Дар ин ҷо духтарони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд ва бо мақсади эҳёи ин ҳунарҳо 20 нафар духтарон ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Онҳо тавассути филиали Муассисаи давлатии Маркази таълимии калонсолон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз ҳисоби «Барномаи мусоидат ба шугли аҳолӣ» ба омӯзиш фаро гирифта шуда, барои таҷрибаомӯзӣ ба шаҳри Исфараи вилояти Суғд сафарбар гардида буданд.
Бо мақсади дар маҳалҳо омӯзонидани ин касб бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ду нафар мутахассисони соҳибтаҷриба аз Маркази таълимӣ-истеҳсолии «Навгилем» ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин омада, давоми як моҳ касби бофандагиро ба духтарон омӯзонданд.
Тавре  Миҷгона Ҷалилова, мутахассис аз шаҳри Исфара иттилоъ  дод,  ноҳияи Шамсиддини Шоҳин яке аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон аст, ки дар ин ҷо ҳунарҳои мардумй аз байн нарафтаву балки рушд мекунанд. Аз ҷумла, ҳунарҳои чакану кашидадӯзӣ, зардӯзию заргарӣ, сабадбофию кулолгарӣ ва дигар ҳунарҳои халқиро бонувон ривоҷ медиҳанд. Инак бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат қолинбофию атласу адрасбофиро ба роҳ мондаанд, ки ба ин васила ҳам ҳунарҳои мардумӣ эҳё мегарданду ҳам занҳои хонанишин соҳиби ҷои кори доимӣ мегарданд.

Манбаъ: АМИТ"ХОВАР"