«Ташаббусҳои волонтёрон барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон»- ҳамоиши волонтёрон бахшида ба Соли ҷавонон

Дар толори Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» таҳти унвони «Ташаббусҳои волонтёрон барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон» ҳамоиши волонтёрон баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиши мазкур роҳбарияти Кумита, намояндагони Раёсат ва бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияҳои пойтахт, гурӯҳи волонтёрон аз ташкилоту корхонаҳо, шаҳраку маҳаллаҳо ва мактабҳои миёна иштирок намуданд.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иброз дошт, ки фаъолияти самарабахши волонтёрон ва иштироки онҳо дар барномаҳои оммавӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ назаррас мебошад.
Рафоати Файзалӣ, раиси Шӯрои духтарони Клуби волонтёрони назди Кумита, Саъдулло Юсупов, роҳбари маҳфили «Стипендиатҳои ҷавон»-и назди Кумита ва дигар волонтёрон омодагии хешро ҷиҳати ободу зебо гардонидани шаҳри Душанбе ва сазовор гузаронидани Соли ҷавонон баён намуданд.
Ҳамоиши волонтёрон таҳти унвони «Ташаббусҳои волонтёрон барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон» бо мақсади Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 роҳандозӣ шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: