Тақдири норӯшани муҳоҷирон: Занҷири ғуломӣ миёни Африқову Аврупо

Намояндагони СММ гуфтаанд, ки қисми зиёди муҳоҷирони Африқо ба дасти ғуломфурӯшон меафтанд.

Гуфта мешавад, ки гурезагон бештар дар Либия бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ мегарданд. Манбаъ афзудааст, ки паноҳҷӯён бо мақсади сафар ба Аврупо вориди Либия мегарданд, аммо бинобар хуб набудани вазъи сиёсӣ дар ин кишвар чанд маркази ғуломфурӯшӣ амал мекунад ва гурезагон ба доми онҳо меафтанд.

Бояд гуфт, ки Либия пас аз тағйир ёфтани ҳукумат дар соли 2011 ба яке аз кишварҳои интиқолдиҳандаи  муҳоҷирон ба Аврупо тадбил ёфт.

Tags: