Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат як катор кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ таъиншударо ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид - Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Худоёрзода Худоёр Завқибек - Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор - Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Султонзода Сулаймон Саид - Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нурзода Тоҳир Сироҷиддин - муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Имомназар Хоҷаназар Лутфулло - иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таъин гардиданд.
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод кардани Давлатзода Дилмурод Ашурбек бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш ва мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод дар бораи Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуд.
Ҳамчунин бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон - муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одиназода Азиз Абдусаттор, Камолзода Мирҳамуддин - муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Назарзода Ризо Шодик-муовини якум ва Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ - муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Набизода Мадина Раҳмат - Директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд”, Шарифзода Маҳмадзариф Раҳмон - Директори Корхонаи махсуси давлатии ҷумҳуриявии “Тиллои тоҷик” ва Пиризода Ҷалил Сафар - Директори Институти иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрова Зулфия Маҳманабиевна аз вазифаи муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор аз вазифаи муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пиризода Ҷалил Сафар аз вазифаи Сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солеҳзода Ашӯрбой Абдувоҳид аз вазифаи Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Ҳакимзода Абдумаҷид Усмон аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии телевизиони “Ҷаҳоннамо”, Солеҳзода Искандар аз вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод гардиданд.
Муинова Матлуба Сайфиддиновна аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд” ва Асоев Асват Раҳимович аз вазифаи муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромаданашон озод карда шуданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, Сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Синои шаҳри Душанбе ва Варзоб кадрҳои соҳибтаҷриба таъин гардиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар як кадри ба вазифаҳои масъули роҳбарикунанда таъингардида, ки аксарият ҷавонони соҳибзавқу тарбиятдидаи мактаби роҳбарии замони соҳибистиқлолии Тоҷикистонанд, садоқат ба халқу миллат ва хизмати софдилонаро талаб намуданд.