Тағйирот дар Конститутсияи Қазоқистон: Салоҳиятҳо тақсим шуданд

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон қонуни ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишварашро имзо кард. Дар ин бора Хадамоти матбуотии ӯ дар Твиттер иттилоъ додааст.
Як рӯз пеш Шӯрои конститутсионии Қазоқистон ба хулоса расид, ки лоиҳаи мазкур мухолифи Қонуни асосии ин кишвар нест ва "ба арзишҳои конститутсионӣ" мутобиқат дорад.
Тағйиру иловаҳо ба 19 банди Конститутсияи Қазоқистон дахл дорад, ки ба гуфтаи мақомот, бар пояи онҳо, қисме аз салоҳиятҳои президент ба порлумон ва ҳукумат дода мешавад.
Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ рӯзи ҷумъаи гузашта барои баррасӣ ба порлумони Қазоқистон пешниҳод ва ибтидои ҳафтаи равон тасвиб гашт.
Конститутсияи амалкунандаи Қазоқистон соли 1995 дар натиҷаи раъйпурсии умумимиллӣ қабул ва то ҳол ба он чанд бор тағйиру иловаҳо ворид шудааст.

Tags: