Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодӣ – сармоягузории Тоҷикистон ва Чин
Опубликовано вс, 03/09/2017 - 09:12 пользователем tvt
Дар доираи сафари давлатии худ дар шаҳри Пекин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодӣ – сармоягузории Тоҷикистон ва Чин иштирок ва суханронӣ намуданд.


Ҳамчунин як мулоқоти самимӣ ва созанда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Ширкати Ҷенерал Найс Инвестмент хонум Сай Суй Синг доир намуданд.
Дар шаҳри Пекин ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии Ширкати “Юнан Констракшн Энд Инвестмент Групп” Лю Гуочан мулоқот карданд.