Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Ширкати Ҷенерал Найс Инвестмент хонум Сай Суй Синг

Ҳамчунин як мулоқоти самимӣ ва созанда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Ширкати Ҷенерал Найс Инвестмент хонум Сай Суй Синг доир намуданд.

Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи соҳибкорони чиниро ба захираҳои калони ангишти Тоҷикистон, истифодаи он дар истеҳсолот, ҷалби сармоя ва технологияи навтарини истихроҷ ва коркарди ангишт, истифодаи ангишт дар таъмини неруи гармӣ ба аҳолӣ ҷалб намуданд.

Роҳбарияти Ширкат дар навбати худ таъкид доштанд, ки айни ҳол бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи пурсамар доранд ва оянда бо дастгирии роҳбарияти давлату ҳукумат бо ворид кардани технологияи муосир дар самти истихроҷу истифодаи ангишт ва дигар моддаҳои кимиёвӣ барои истеҳсолот дар Тоҷикистон ҳамкориро таҳкиму тавсеа мебахшанд.