обу ҳаво

Имрӯз дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон боридани барф дар назар аст

Обуҳавошиносон имрӯз дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш, нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар баландии 2500 метр боридани барфро пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз, 28 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар дошта шудааст.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи абрноки бебориш ва баъзан фаромадани туман  пешгӯӣ гардида, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар Тоҷикистон боридани борону барф дар назар аст

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз, 27 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳаво якбора тағйир ёфта, боридани борон, барф ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ, ба истиснои ВМКБ борони шиддатнок пешгӯӣ мегардад. Дар назар аст, ки ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа паст шавад.

Страницы