Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз, 28 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар дошта шудааст.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи абрноки бебориш ва баъзан фаромадани туман  пешгӯӣ гардида, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 6-1 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят  шабона  16-21 дараҷа ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки бебориш ва дар баландкӯҳҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 2-7  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 14-16 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"