Таэквондочии ҷавони тоҷик Муниса Ойматова дар Корея соҳиби медали тилло гардид

Варзишгарбонуи ҷавони тоҷик  Муниса Ойматова оид ба таэквондо WTF    дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми кумингёнг (G-1) соҳиби  медали тилло гардид. Дар ин бора  раиси Федератсияи таэквондо (WTF)-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев ба шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқа (Kimungyong Cup International Open Taekwondo Championships) 14 июл оғоз гардида,  17 июли соли равон  ба анҷом расид.

Ба иттилои раиси Федератсияи таэквондо (WTF)-и Тоҷикистон, Муниса Ойматова дар қувваозмоии вазни 49кг миёни ҷавонон баъд аз чор пирӯзӣ ба гирифтани ҷои аввал мушарраф гардид.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик чанде пеш дар Мусобиқаи байналмилалии таэквондо «Chuncheon Korea Open G-2»  сазовори 3 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ гардида буданд. Муниса Ойматова дар он мусобиқа низ  сазовори медали нуқра шуда буд.

АМИТ «Ховар»

Tags: